Кишвари Сурия дар 24 соати гузашта тағйироти бузургу азиме ба худ дидааст, ки дар ин бастаи зиндаи Порс Тудей ахбори муҳим ва охирин таҳаввулотро мушоҳида мекунед (ин бахш батаври пайваста такмил мешавад):
Ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ, ҳумаи Қунайтария дар ҷануби Сурияро бомбаборон карданд.
Манобеи хабарии режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки артиши ин режим ба анборҳои таслеҳотӣ дар Ҷавлон ҳамла кардааст.
Радиои режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки артиши Исроил дар ҳоли ҳафри хандақи амиқ дар имтидоди хати марзӣ ва хутути оташбас бо Сурия аст.
Расонаҳои саҳюнист аз вуруди танкҳои артиши Исроил ба Қунайтария дар баландҳои Ҷавлон хабар доданд.
Радиои артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ин артиш амалиёти низомии худро дар минтақаи ҳоил дар Қунайтараяи Сурия наздики марз оғоз кард.
Пойгоҳи интерентии “Ал Нашра” дар гузорише эълом кард, ки мухолифони сурӣ аз фирорӣ додани беш аз 3500 зиндонӣ аз зиндони низомии Ҳумс хабар доданд.
Гуруҳҳои мусаллаҳ вориди Кохи раёсатҷумҳурии Сурия дар Димишқ шуданд.
Фармондеҳи гуруҳи “Таҳрир аш-Шом” эълом кард, ки ниҳодҳои умумии Сурия то замони таҳвили расмӣ таҳти назорати нахуствазир боқӣ хоҳанд монд.
Муҳаммад Ал Ҷалолӣ, нахуствазири Сурия баъд аз эъломи суқӯти давлати ин кишвар аз сӯи мухолифон гуфт, ки мо дар Шӯрои вазирони дасти худро ба самти ҳар шаҳрванди сурӣ, ки нигарони оянда ва тасмимоти ин кишвар аст, дароз карда ва аз шаҳрвандон мехоҳам ба амволи умумӣ ва давлатӣ хисорат ва осибе назаданд. Ӯ гуфт, ки омодаи ҳамкорӣ бо ҳар касе аст, ки мардуми Сурия онро интихоб кунанд.
Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун, Миср, Ироқ, Туркия ва Русия баёнияи муштараке содир карданд ва гуфтанд, ки ин буҳрон як “таҳаввули хатарнок”аст ва хостори роҳи ҳалли сиёсӣ ҳастанд.
Муъоризини мусаллаҳи Сурия мегӯянд, ки Димишқ, пойтахти ин кишварро ба тасарруфи худ даровардаанд ва Башор Асад, раисҷумҳур, ин кишварро тарк кардааст. Ин эъломия пас аз он мунташир шуд, ки шӯришён соате қабл шаҳри Ҳумсро дар як ҳамлаи барқосо тасарруф карданд.